ВОКУНИШ. Ташкилотҳои ифротӣ, аз ҷумла аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба моҳияти пӯшидани сатру ҳиҷоб аз ҷониби занону бонувони тоҷик ҳар гуна суханони иғвогаронаро паҳн менамоянд, ки ҳадаф аз ин ҳама динситезӣ аз тарафи онҳо халалдор сохтани сулҳу субот ва оромӣ дар Тоҷикистон ва амалӣ намудани амалҳои ғаразонаашон мебошад.
Дар ин ҷо овардани як ибрози назари шоири машҳури Эрон Маликушшуаро Баҳорро зарур медонем, ки дар ин бора баён доштааст. Ӯ мефармояд: ҳазор сатру ҳиҷоб пӯшонӣ, то вақте ботини инсон музайян ба ахлоқи оддии одамӣ набошад, наметавонад монеи фасоди ахлоқӣ ва фисқу фуҷур шавад. Ҳама чиз ба ботини шахс вобастагӣ дорад. Зоҳирпарастӣ ва ҷилваситоние, ки наҳзатиён мекунанд, ба ислом ҳеҷ умумияте надорад.
Мардуми кишвар бо раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии худ –Конститутсияро қабул намудааст, ки имрӯз дар асоси он ҳаёт ба сар мебаранд. Дар ин ҳуҷҷати роҳнамо ба сохтори давлати худ - давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона якдилона овоз додаанд, ки дар он мақоми ҳама динҳо як хел мебошад.
Занони тоҷик бо шарму ҳаёанд. Рӯймоле, ки онҳо ба сар мекунанд, онҳоро аз ҳама чиз ҳимоя мекунад. Занони деҳотӣ бо рӯмоли дока ба худ ҳусни дигар зам менамоянд.
Дар вохӯрию суҳбатҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо мегузаронанд, бо дидани занону бонувони тоҷик дар либоси хоси миллӣ ҳаваси кас меояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ин вохӯрию суҳбатҳояшон пайваста дар бораи пӯшидани либоси миллӣ, ки муаррифгари на таҳо зани тоҷик, балки миллати тоҷик мебошад, таъкид менамоянд.
Мардуми мо дигарбора ба доми душманони миллат ва давлат намеафтанд. Боиси шукргузорист, ки онҳо имрӯз дӯстро аз душман фарқ мекунанд ва хуб медонанд, ки ягон неъмат ба тинҷию осудагӣ ва сулҳу субот дар кишвар баробар шуда наметавонад. Зеро онҳо як бор шаҳди дингароиро, ки мақсад аз он ноором кардани ҳаёти мардум буд, бо чашмони худ диданд.
Аз ин рӯ, ба ҳарзагӯиҳои наҳзатиҳо, дигар гурӯҳҳои ифротӣ ва онҳое, ки зану фарзандонашон бо мини юбкаю шортӣ мегарданду барои барҳам задани озодии зани тоҷик пӯшидани ҳиҷобро тавсия медиҳанд, бовар намекунанд.
Момагул Мирзоева, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг