БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДАВВАР БО ФАЪОЛЗАНОНИ ҲИЗБӢ

ДАНҒАРА.  Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  - шаҳри Душанбе  миёни занони фаъоли ҳизбии ноҳияи Данғара  мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Афғон, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Мизробова Шаҳло иштирок намуда, сараввал ҳозиринро ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки Душанбе – пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳ, зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурӯзон нигоҳ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg