АНДЕША. Хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар сокини бонангу номуси кишвар аст. Ҳар як ҷавонмарде, ки ифтихор аз ватандорӣ дорад, Ватани худ, модари худро дӯст медорад ва мехоҳад, ки фарзандон ва аҳли оилааш дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад, бояд марзу буми Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Набояд фаромӯш кард, ки ягон кас ба ҷойи фарзандони сокинони кишвар омада, Ватани онҳоро ҳифзу нигаҳдорӣ наменамояд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони бедордили тоҷик бояд хизмати Ватан – Модарро сарбаландона ба ҷо орад.
Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуда, мактаби обутоби ҳаётро аз сар мегузаронад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муҳофизат кардани хоки Ватанро азбар менамоянд. Бинобар ҳамин ҷавононро зарур аст, ки бо сарҷамъиву якдилӣ баҳри ҳимояи Ватан хизматро дар мадди аввал гузоранд. Зеро ояндаи Ватани азизамон дар дасти ҷавонон аст.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ на танҳо қарз, балки ифтихор ва шарафи бузург аст.
Боиси қайд аст, ки дар натиҷаи пайваста бурдани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ва аъзои гурӯҳҳои таблиғотии таъсисдодаи он дар қатори дигарон ҷавонони ноҳияи Ховалинг ҳам ҳамасола бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан – Модар рафта, қарзи фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд. Соли ҷорӣ шумораи ихтиёриён нисбати солҳои гузашта ба маротиб зиёд буд.
Имрӯз падару модарон ва дигар мардуми кишвар хуб медонанд, ки шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб гардидааст, бинобар ҳамин барои хизмати фарзандонашон дар Артиши миллӣ монеа эҷод намекунанд.
Моро мебояд, ки шукри замони осоиштаро кунем , ки он бо заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳамчунин ҳар яки мо вазифадорем, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ дар симои фарзандони баруманди миллат тарбия намоем, то ки онҳо чун Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Спитамен, Темурмалик ва дигар қаҳрамонони халқи сарбаланди тоҷик Ватани худро ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд.
Исфандиёр Саидмаҳмудов, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг