БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР...

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чи гуяд, адо мекунем.

АНДЕША. Ватан, калимаи зебо ва хуҷастаест, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Педагоги машҳур Сухомлинский В.А. мазмун ва мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагӣ», «Меҳнат», «Қарз», «Оила», «Забони модарӣ», «Муҳити табиат», «Садоқат» алоқаманд мекунад. Бале, Ватан сарнавишту кисмати ҳар як инсон, модарӣ мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, пас Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, ба­рои идомаи зиндагии рангин оғӯши гармашро кушодааст. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷони худро дареғ намедорад. Қаҳрамониҳои “Темурмалику Шерак, Деваштиҷу Восеъ ” далели гуфтаҳои болост. Шоири ширинсухан Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:

Ватан capмешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар,

Ватан capмешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандӯстӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд,  ки Baтан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд. Оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда бошад, дар са­росари он cyлҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт ycтувop набошад, акси ин ҳол ба миён меояд. Myҳaббат  ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садо­қат ба Ватан, саъю кӯшиш ба нафъи вай xизмат кардан мебошад. Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳист ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ҷумаев Алиҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg