БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОНУВОН НИЗ ДАР ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ФАЪОЛАНД

ЛЕВАКАНТ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб, раиси шаҳри Левакант, Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва дигар масъулин, дар доираи ташаббусҳои ҲХДТ аз гармхонаҳои узви фаъоли ҳизб Абдуллоева Ороста истиқоматкунандаи деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдат дидан намуданд.

Гуфта шуд, ки оилаи Абдуллоеваҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии замин дар 12 га замини наздиҳавлигии худ 6 гармхона бунёд намуда, аз он чанд муддат аст, ки ҳосили хуб ба даст меоранд. Онҳо дар ин гармхонаҳо сабзавотҳои барвақтӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг, картошка, қаламфури тунду булғорӣ ва дигар намуди сабзавотро кишт намуда, аз ин ҳисоб вазъи иқтисодии оиларо марҳила ба марҳила баланд мебардоранд. Айни замон маҳсулотҳои барвақтӣ дар бозори шаҳри Бохтар дастраси мизоҷон буда, оила низ аз ин пурра истифода мебаранд.

 Зимнан Миралиён Қиёмиддин барои чунин тарзи пешбурди зиндагӣ аз ҳисоби замин ба оилаи Раҳматовҳо аҳсан гуфта, пешниҳод намуд, ки ин таҷрибаро ба ҳамсоягону наздикон низ омӯзонанд, то зиндагии мардум беҳтару хубтар  гардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg