БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

КӮЛОБ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”  баргузор гардид.

Нахуст, Гулрухсор Шарифзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки ҲХДТ бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.

Маҷлиси мазкур аз 2 масъала иборат буд, озод намудани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзои ҳизб пешниҳод гардид, ки Раҳмонов Абдулманон бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” озод карда шавад. Инчунин, мутобиқи банди 4.4-и Оинномаи ҲХДТ пешниҳод намуданд, ки   Ҳакимзода Қадамшоҳ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” интихоб карда шавад. Вобаста ба пешноҳодҳои мазкур қарор ба овоз монда шуда, якдилона қабул карда шуд.

Дар фарҷом раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода изҳори боварӣ намуд, ки раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазое хоҳад гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg