Н.ХУСРАВ. Бахшида ба таҷлили истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маркази ноҳия Носири Хусрав, ҷамоати шаҳраки Баҳор бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорон, волонтиёрони ҳизбӣ Аксияи ҳизбии « Гулзоркунӣ» баргузор гардида, дар заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо гулҳои мавсимии гуногунранг шинонида шуд ва дарахтони ду тарафи роҳи даромади маркази ноҳияро рангубор карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроия Ализода Сураё қайд намуд, ки мо раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, сарҷамъу муттаҳид бошем, камбудиву норасогиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатамонро дар руҳияи баланди ватандорӣ истиқбол намоем.