
КӮЛОБ. Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ин рӯз аз ҷониби иштирокдорон дохил ва гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо, боғу гулгаштҳо ва шафати роҳҳои марказии шаҳр тозаю озода гардонида шуд.Зимнан, ёдрас шудан ба маврид аст, ки сабз ва зебо гардонидани ҳудуди шаҳр аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила идома ёфта, ба ин васила ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.