
ВОКУНИШ. Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабареро дидам, ки рӯзи 15 апрел роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъбудаи наҳзати исломӣ яъне Муҳиддин Кабирӣ дар Телеграмм-канали @Rizwan_ir ба таври онлайнӣ бо донишҷӯён ва фаъолони эронии ҳавзаи байналмилал ва ҷаҳони ислом мулоқот доштааст.
Бубинед, шаттоҳӣ, берӯйӣ, бешармӣ, беҳаёӣ ва ноҷавонмардии Кабирӣ он қадар рӯшод ва ошкоро аст, ки бо баргузории ин чорабинӣ худ собит менамояд, ки ба манфиати хадамоти махсуси кишвари ба мо маълум ва охундҳои ин кишвар хизмат мекунад, ба осиёби онҳо об мерезад. Саволе ба миён меояд , ки Чаро? Ба ин савол ман ҷавоб намегӯям, зеро даҳҳо маротиба аз ҷониби зиёиёну сиёсатмадорони ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишвар, ҳам шахсиятҳои алоҳидаи бонуфуз ва ҳам намояндагони мақомоти ҳукуматӣ бо далелҳои раднопазир, муътамад ва ҳуҷҷату асноди собитшуда ҷавоб гуфта шудааст. Худ қазоват кунед, агар ба масъалаҳои пешниҳоднамудаи Кабирӣ бесаводтарин шахсияти рӯйи олам, ҳатто инсони аз ақл бегонашуда ҳам назаре афканад, сарфаҳм меравад, ки ин чорабинии Кабирӣ нест, ин чорабинии кишвари ба мо маълум ва охундҳои ҳамон кишвар аст.
Ҳой наҳзатиҳои бадсиришт манзури ман дигар масъала аст, шумо боз мехоҳед, ки ашки модари тоҷикро резонед, Шумо наҳзатиҳо ва пайравонатон бо ақли кӯтоҳ ва андешаҳои ботилу кӯркӯронаи худ фикр мекунед, ки оппозитсияи сиёсӣ ҳастед? Бо баромадҳои худ ба Ҳукумат ва режими имрӯза зарба мезанед? Бо гуфтани мушкилоти иҷтимоии ҷомеа андешаҳои эътирозии мардумро бедор карда, инқилоб мекунед? Соҳиби қудрат мешавед? На, ин хобҳоятонро ба об гӯед ё ба пирҳои охундатон!
Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки шахсе, ки ба миллати худ, халқи худ, Ватани худ, расму оини аҷдодии худ хиёнат мекунад, оқибат бо ГАДОӢ, МУЗДУРӢ ва сад азобу шиканҷа дар ҒАРИБӢ ҷон медиҳад.
Ф.Ғафурзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак