БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШАНБЕ-ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби ҷавонон –аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо иштироки масъулини ҳизбӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон” доир гардид.

Зимни суҳбат бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Разоқ иброз намуд, ки Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ки дар асл сутуни пойдории давлат ва симои аслии миллат ба ҳисоб меравад, яке аз пойтахтҳои ҷавонтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дунёи ҳамарӯзаи ҷавонони кишвар дар оғӯши он гарму самимӣ ва рангину гуворо гардида истодааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Биноҳои зебои замонавӣ сохта шуда,  имрӯзҳо ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае зам мекунад.
Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg