ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ баҳс дар мавзӯи қазияи боздошти Иззат Амон рафта истодааст. Вобаста ба ин мавзӯъ муҳоҷирони меҳнатӣ, ба кавли дигар ҷавонони ноогоҳу камсавод сару садоҳо бардошта истодаанд. Дар куҷое як хоину дузду қаллоб аст, маълум мешавад, ки як зумраи боқимондаҳои узви ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом мебошад. Ин хоинон дар мушхонаҳои Аврупо паноҳ бурда, ба хотири хиёнат ба Ватан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазосозӣ машғуланд. Ин пастфитратон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки аз худ қаҳрамон сохта, Ҳукуматро гунаҳгор созанд.
Оё Иззат Амон аз ҳадафи фитнагароне, ки имрӯзҳо ӯро пуштибонӣ карда истодаанд, хабардор ҳаст ё не? Ба воқеият назар андозем Иззат Амон кист? Қаллобе, ки бо роҳи ғайриқонунӣ шаҳрвандии Россияро гирифта, аз шиносномаи он ҷо истифода карда, дар онҷо ба қавли худ Иттиҳоди ҷавонони тоҷикро ташкил намуда, аз муҳоҷироне, ки бо машаққати зиёд маблағ ба даст меоранд, ба боварии онхо даромада, пули муфт ба даст оварда, зиндагиашро бо роҳи фиреби ҳамватанон пеш мебурдааст. Аз корҳои қаллобии Иззат Амон Ҳукумати Россия хабардор гардида, шиносномаи ӯро беэътибор дониста, ин пастфитрати муфтхӯрро аз кишварашон пеш карданд. Ин ношукри носипосро боз хоки ин сарзамини аҷдодӣ бардошт.
Иззат Амон бояд дар назди қонун барои маблағҳои бо роҳи фиребу қаллобӣ ба даст овардааш дар назди қонун ҷавоб диҳад. Иззат Амон маълум намуд, ки танҳо як қаллоби оддӣ нест, ҳамагон эҳтимол менамоянд, ки ӯ пайраву ҳаводори ҳизби террористии наҳзати ислом ва ё ҳаммаслакони дигар хоинон мебошад.
Мо ҷавонони замони соҳибистиҳлолии кишвар аз хамаи сокиноне, ки ханӯз аз фитнаҳои нопоки гурӯҳи террористии ҳизби наҳзати ислом хабардор нестанд ва ҷавононе, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба хар гуна сару садоҳо, фитнаву иғвоҳои хоинон фирефта шудаанд, даъват ба амал меорам, ки ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Зеро ҷавонон ояндаи давлат ва номбардорони миллатанд.
Малодӯстов Сунатулло, узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ