БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПИРӮЗИИ ВАКИЛОНИ МО

ВИЛОЯТ. Тавре ки аз АМИТ “Ховар” иттилоъ гирифтем, имрӯз, 19.04.2021 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи комиссия баргузор шуд ва дар он масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот овоздиҳӣ 18 апрели соли ҷорӣ аз соати 6-и субҳ то соати 20-и бегоҳ давом карда, дар асоси санадҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар ҳавзаҳои якмандатаи интихоботии Ҷ.Балхӣ №30 – 86,2% ва Вахш №32-85,6% интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда дар интихобот иштирок намуданд. Тибқи талаботи моддаи 18-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида баргузоршуда ҳисобида шуд.

Дар асоси моддаи 48-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар интихоботи 18 апрели соли 2021 номзадҳо Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо гирифтани 65,9% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ.Балхӣ№30 ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо гирифтани 66,3% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш№32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg