БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҲИЗБ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонбахш”бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.

    Нахуст, Мунавараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд намуд, намуд, ки боиси хушнудист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон рушди соҳаи тандурустӣ бо сиёсати оқилонаю хирадмандона, созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд буда, ба масъалаи бунёди муассисаҳои тандурустӣ ва таъминоти онҳо бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ  давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дода, чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

   Дар навбати худ котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонбахш” Мирзоев Маҳмад ибрози андеша намуда, зикр намуд, ки маҳз дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат мебошад, ки ҳамасола дар ҳар як ҷашнҳои давлатӣ марказҳои саломатӣ ва  бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода мешавад.

  Дар фарҷом ба як қатор аъзои нави ҲХДТ билетҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg