БОХТАР. Муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло бо хонандагони синфҳои болоӣ, хусусан бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр вохӯрӣ доир намуданд.
Қурбонзода Наргис ва Неъматулло Иброҳимзода ба сухан баромада, доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа ибрози ақида карданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён баён доштанд, инчунин дар бораи масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, донишомӯзӣ ва саводазхудкунии насли наврас, пос доштани фарҳанги миллӣ ва мероси аҷдодон муҳокима гардид.