БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ

АНДЕША. Хизмат ба Модар – Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва нангу номуси шаҳрвандӣ мебошад.

         Воқеъан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат кардан дар сафҳои Артиши миллии кишварро ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва маракаи даъват ба як чорабинии хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар ихтиёри ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ омадани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳомати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш ва таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ҳаматарафа омодаанд. Имрӯзҳо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз лиҳози шароити ҷавобгӯй ба талабот хеле хуб гардидааст. Дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд.

         Тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар бораи тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, дар ин самт як қатор барномаҳои давлатиро барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон қабул ва амалӣ гардонида истодааст. Бояд тазаккур дод, ки ояндаи ҳар як миллат ҷавонони ба ору номусе мебошанд, ки бо фаъолияти созандагии хеш метавонанд обрӯю эътибори халқу Ватанро дар байни ҷаҳониён баланд бардоранд ва боиси ифтихору сарбаландии меҳани худ шаванд.

         Бояд, қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии хеш Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дод, ки то ин муддат он хеле таҳкиму тақвият ёфтааст. Таърихи таъсис ва бунёдгузории Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро саҳифагардон карда, дар амал ва ҳар як падидаи нек ғамхорию тавваҷуҳи ҳарӯзаи роҳбарияти кишвар Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар боби тақвияти артишу таъминоти моддию техникии он эҳсос мекунем.

         Асосгузори сулҳут ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудааст, ки: “Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обу тобутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар хизмат ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд”.

         Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои насли ҷавон намунаи ибрат ва дарси одамият мебошад, чунки вазъи зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористӣ экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Мардуми Тоҷикистон ба хизматчиёни харбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷоъи Ватани азизамонро мебинанд ва бовари дорам, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одиназода Абдулҳафиз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg