
КӮЛОБ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки Саймуминзода Фируз – муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи “Сиёсати ҷавонон самти афзалиятноки барномавии ҲХДТ ” баргузор гардид.
Зимни баргузории курс аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд гардид, ки ҷавонон ва ташаббусҳои онҳо дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дорад. Ҳар амалу кори созандаи ҷавонон аз ҷониби ҳизб пайваста дастгирӣ меёбанд.
Дар фарҷом аз ҷониби шунавандагон ба масъулини ҳизбӣ суолҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.