ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар якҷоягӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Носири Хусрав” дар ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав ҷиҳати азнавсозии иншооти гигиенӣ - ҳоҷҷатхона ва ҳаммом бо усули дренажӣ дар назди бинои мазкур як адад иншооти гигиенӣ - ҳоҷатхона ва ҳаммом бо усули дренажӣ сохта ба истифода дода шуд.Ин иқдоми некро ҳамагон боиси дастгирӣ дониста, дар ҳудуди ноҳия сохтмони ҳаммому ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ идома меёбад.