БОХТАР. Дар шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ҷаласаи навбатии Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир шуд.
Дар кори маҷлис раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳр, аъзои Шӯро ва кормандони маъсули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок доштанд. Шӯро масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима намуда, қарорҳои дахлдорро қабул кард. Бинобар сабаби вазъи саломатӣ Назифов Рӯзӣ аз вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар озод карда шуда, бо пешниҳоди аъзои Шӯро дар мувофиқа бо роҳбарияти ҲХДТ узви ҳизб Қосимзода Солеҳа ба ин вазифа интихоб карда шуд. Сипас, нақшаи кории Шӯро ва ҳайати нави он тасдиқ гардид.
Дар идома Иброҳимзода Неъматулло шарҳи ҳоли Қосимзода Солеҳаро қироат намуда, барои интихоб шуданш ба вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар табрику таҳният гуфта, афзуд, ки Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадами собиқадорони ҳизб ба таври пурсамар истифода менамояд, ки барои кадрҳои ҷавони ҳизбӣ намунаи олии садоқат ба ғояҳои созандаи ҳизбамон мебошад.
Инчунин, Саломзода Сиҷоуддин зимни баромади худ нахуст Қосимзода Солеҳаро барои ба вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб гардиданаш шодбош гуфта, таъкид дошт, ки рӯзгор ва кору фаъолияти собиқадорони ҳизбу меҳнат ҳамеша барои насли наврас намунаи ибрат аст. Собиқадорони ҳизбу меҳнат ҳамеша бояд бо панду насиҳатҳояшон ҳамеша дар паҳлуи наврасону ҷавонон роҳнамо бошандд. Зеро таҷриба, кору фаъолияти меҳнатии собиқадорон дарсеро барои ҷавонон мемонад.
Дар охир Саломзода Сиҷоуддин дар назди аъзои Шӯро ва фаъолони ҳизб дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён баён дошта буданд, вазифадор кард.