
КӮЛОБ. Тибқи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтоблиқо” аз ҷониби масъулини ҳизбӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ва “Илм фурӯғи маърифат” ҳамчунин бахшида ба эълон гардидани “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе” зери унвони “Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон” вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки озмунҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, рӯ овардан ба китобу китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати сухандонию суханварии аҳолии кишвар ва дарёфти чеҳраҳои нави илму фарҳанг роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Душанбе - хонаи умеди ҳамаи тоҷику тоҷикистонист ва бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор муаррифӣ месозад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба як қатор кормандоне, ки ҷиҳати аъзо шудан ба ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, дар фазои тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.