БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШАНБЕ-ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

ВАХШ. Дар Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дарси 5-уми курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия баргузор карда шуд. Мавзӯи навбатии курси мазкур «Бузургони илму адаби форсу тоҷик ва нақши онҳо дар рушди тамаддун ва илми ҷаҳон» буд, ки роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Сабоҳат Салимова ибрози андеша кард.

Баъд аз анҷоми дарс бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ва таъмини иҷрои супоришҳои болоии мақомоти ҳизб, мизи мудаввар таҳти унвони «Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони чаҳон» баргузор карда шуд.

Дар рафти суҳбат роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар назди Кумитаи иҷроия Сабоҳат Салимова қайд кард, ки пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, яке аз ҷавонтарин пойтахтҳо дар ҷаҳон ва сутуни асосии давлатамон, симои ҳақиқии миллатмон ба ҳисоб меравад.

Ҳамаи ҷавонон дар оғуши гарму самимӣ ва рангуни гуворояш хамарўза гашту гузор намуда, аз зебогиҳо он як ҷаҳон баҳра мебаранд.

Инчунин, моро месазад, ки шукронаи тинҷию оромӣ, ваҳдату ягонагии кишварамонро кунем, зеро боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мо мебошад, ки «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод -2021» эълон гардида, маркази муттаҳидсозии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

Дар рафти баргузории ин чорабинӣ ба яке аз аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Бадридинов Абдулмаҷид, ки синнаш ба 18 солагӣ расидааст,   шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg