ВОСЕЪ. Саховатмандӣ яке аз хислатҳои хуби инсонӣ ба шумор меравад. Чунин сифатҳои ахлоқӣ ба ҳар як шахс тааллуқ дорад, чунки инсон худ табиатан нек аст ва ӯ кӯшиш мекунад, ки ба эҳтиёҷманде мадад расонад. Мардуми тамаддунофари тоҷик тавре медонем, аз рӯи хайрдӯстӣ ва дастгирӣ намудани муҳтоҷон маъруф ва машҳур гаштаанд.
Дар моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст, аз ҷониби оилаи Қодирзодаҳо ба 400 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд, бесаробон, ятимон ва маъюбони ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов маводҳои хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, қанд, биринҷ, гӯшт дастрас карда шуд.
Бояд қайд намоем, ки оилаи номбурда чунин корҳои хайру сахоро ҳар сол анҷом дода, доимо ниёзмандону бечорагон, ятимону бекасон ва маъюбонро дастгирӣ менамояд.