БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО ИШТИРОКИ МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти  Хатлон дар заминаи дастуру супоришҳои  роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи  Марказии ҲХДТ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон семинар – машварати  дастурдиҳӣ баргузор  гардид.

Вобаста ба ин, мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида, зимни сафари кории  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Миралиён Қиёмиддин  дар Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб семинар - машварат бо роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони деҳаю маҳаллаҳо ва фаъолон доир  гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода моҳияти ҷамъомадро ба ҳамагон фаҳмонид. Зимни суханронии хеш Миралиён Қиёмиддин вобаста ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ  ва дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷамъомадагон маслиҳатҳои муфид дода, даъват  ба амал овард, ки дар фаъолияти ҳизбӣ масъулияти бештар зоҳир намоянд ва дар татбиқи аксияҳои ҳизбӣ саҳмгузор бошанд.  Дар баробари ин иштирокчиён низ ба ҳозирин доир ба масъалаҳои болозикр саволҳои худро пешниҳод намуда, фавран ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар доираи семинари мазкур Миралиён Қиёмиддин дар доираи сафари корӣ дар якҷоягӣ Гулрухсор Шарифзода ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу ба аёдати ду нафар шахси ниёзманди  ҷомеа рафта, зимни дидорбинӣ  ба онҳо кумаки модии яквақтаина расонида,  гуфт, ки ин қишри ниёзманди ҷомеа пайваста мавриди таваҷҷуҳи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳамчунин аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳамадон” – Маҷмааи кишоварзӣ-саноатии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Дар ин ҷо Миралиён Қиёмиддин иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмааи мазкур парвариши помидор, картошка, бодиринг ва қулфинайи барвақтӣ ба роҳ монда шудааст.Мавриди зикр аст, ки Маҷмааи кишоварзӣ-саноатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза фаъолият намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста саҳми худро мегузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg