БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРИВУ ҚАҲРАМОНИҲОИ ФАРЗАНДОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ

ВАХШ. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Фирдавс Қосимов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 бо хонандагони синфҳои болоӣ мулоқот доир намуд.

Дар рафти суҳбат мавсуф оид ба моҳияти  озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон -Ватани азизи ман" ва озмунҳои ҳизбӣ, ки таҳти унвони "Мо бо шумоем" барои маъюбон пешбинӣ  шудааст, инчунин маҳфилҳои қироати шеър аз ашъори Мирзо Турсунзода бахшида ба 110-солагии шоири бузург ва Қаҳрамони Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст суҳбат карда, насли наврасу ҷавонро барои расидан ба қадри сулҳу ваҳдати пойдор, ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбати ҷавонон, аз бар кардани илму дониши замонавӣ, иштирок дар озмунҳоро ҳидоят намуд.   

Ҳамзамон, дар идомаи мулоқот Фирдавс Қосимов  вобаста ба  мазмуни иншои беҳтарин дар мавзўъи «Арҷгузорӣ ба далериву қаҳрамонҳои фарзандони бонангу номуси миллат», ки бахшида ба ҷашни Ғалаба мебошад, суханронӣ карда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар ин озмунҳо фаъолона ширкат варзанд, бо ин восита дониши худро сайқал диҳанд.  саҳми худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg