БОХТАР. Дирӯз дар маҳаллаи Навобод гурӯҳи корӣ аз рафти истифодаи заминҳо дидан намуданд. Дар гурӯҳи кории мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, шуъбаи маориф, бахши ҷавонон ва намояндагони дигар сохторҳои дахлдор иштирок доштанд.
Зимни суҳбату вохӯрӣ ки бо усули “хона ба хона” доир гардид, гурӯҳи корӣ доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои дарихтиёрдошта, гирифани 3-4 ҳосил аз як замин, тарбияи дурусти фарзандон, роияи қонунҳои миллӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист ва саҳмгузорӣ дар ободониву хуррам гардонии Ватани аззиамон мубодилаи афкор карданд.
Дар маҳаллаи мазкур мушоҳида шуд, ки сокинон ҳар вақаб замини дар ихтиёрдоштааашонро самаранок истифода бурда, барои таъмини аминияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардонидани буҷаи оилаашон саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Сокинон дар заминҳояшон полезиву сабзавотҳои гуногун кишт намудаанд, ки имрӯз хуб нашъну намо доранд.
Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик дар дигар маҳаллаҳои шаҳр чунин вохӯриву суҳбатҳо доир карда шавад.