БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАДАМ БА ҚАДАМ БА СӮИ КОМЁБӢ ВА Ё БА СӮИ РАСВОӢ?

ВОКУНИШ. Бо дарназардошти он, ки як гурӯҳи  муҳоҷирони камсаводу ноогоҳ ва гапдаро  дар  назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ба хотири раҳоии як гумонбар бо исми Иззат Амон  ҷамъ омаданду хостанд  тазоҳуроти (митинг) ғайриқонунӣ  ташкил кунанд,  садои   гурӯҳҳои ифротиро баланд намуд. Бо боварии комил метавон гуфт, Иззат Амон ва сиёсӣ кардани қазияи ӯ аз тарафи   ин афроди манфиатҷӯ  танҳо бо мақсади  ҷалб ва амалӣ намудани  мақсаду ниятҳои шуми худ буда, мехоҳанд  пушти  як нафар нияту нақшаҳои   худро пиёда созанд. Бо замми он, ки нисбати ин амали як гурӯҳи  муҳоҷирони   ноогоҳ,  сокинони  мамлакат  вокунишҳои саривақтӣ нишон дод,  амали  онҳоро  маҳкум намуданд, вале ташкилоти   экстремистии  «Гурӯҳи 24» ва  «ҲНИ»  дар барномаҳои иғвогаронаи худ зери навиштаҷоти «Қадам ба қадам ба сӯи комёбӣ» роҳҳои дигари шӯронидани сокинонро бар зидди Ватан-Модар пеша карданд. Вале бехабар аз онанд, ки қадам ба қадам ба сӯи расвоӣ равонанду аз нияту мақсадҳои шуми онҳо мардуми ободкори Тоҷикистони биҳиштосо бохабар гардидаанд. Барномаҳое, ки аз тарафи ин гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегардад, пурра экстремистӣ буда, барои фитна андохтан дар байни писару падар, бародар бо бародар ва зидди давлату миллат бархезонидани онҳое аст, ки дар зиндагӣ ба нокомӣ дучор гардидаанду ин нокомиашонро бар сари давлат бор кардан мехоҳанд. Албатта,  ин зархаридон худ чунинанд, зеро  саркардаи  ин гурӯҳҳои харидашуда Муҳиддин  Кабирӣ нафарест, ки ба хотири пулу сарват аз баҳри тамоми муқаддасот ва арзиши инсонӣ гузашта,  имрӯз хизмат ба онҳоеро мекунад, ки намехоҳанд миллати тоҷик ва ё Тоҷикистонро дар ҳоли рушд бубинанд. Баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ сараввал дини мубини исломро истифода карданду гуфтанд; “Мо барои дин,барои ислом мубориза мебарем”, ҳарчанд давлат бо садҳо мисол исбот намуд, ки инҳо воизонеанд, ки ба хилват кори дигар мекунанд  ва мақсади асосиашон ғасби ҳокимият бо роҳи ғайриконститутсионӣ аст, аммо  ин гурӯҳҳои экстремистӣ рад мекарданд.Бо гузашти начандон вақт имрӯз даъвои мансаб ва роҳбарӣ доранд.Аммо бо итминони комил иброз медорам, ки ин нияту мақсади онҳо танҳо афсонаест, ки дар хаёлоти худ мепарваранд,зеро мардуми заҳматкашу бунёдкори тоҷик имрӯз сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонад ва ҳар касе баҳри ин миллат хизмат кард, ӯро тоҷ бар сар мекунад,вале ҳар касе баҳри нооромии ин кишвар кӯшиш мекунад, ӯро на миллат на таърих намебахшад.

Худойдод Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg