
ҚУБОДИЁН. Бахшида ба Рӯзи 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар муассисаи таълимии №3 бо хонандагон ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Ёдҳо аз ашъори Мирзо Турсунзода”-ро доир карданд.
Дар ин чорабинии мазкур ҷавонони фаъоли ҳизб, хонандагони ин муассиса дар васфи устод Мирзо Турсунзода шеъру суруд ва аз ашъори устод зам- зама намуда, бо саҳначаҳои рангини худ табъи тамошобинонро болида гардониданд.