БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

17 Август 2018

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллат дар арсаи ҷаҳон мебошанд

Ш.ШОҲИН. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳё ва ривоҷу  равнақи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзию  гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошию  бофандагӣ ва заргарӣ, такони ҷиддӣ бахшид.

Ҷавонон фарҳанги баланди муносибат бо об ва расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро меомӯзанд!

ШАҲРИТУЗ. Ҷиҳати амалигардонии нақшаи кории намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»   дар ноҳияи  Шаҳритуз барои нимаи дуюми соли 2018  Аксия ҳизбӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар деҳаи Қумшоҳи ҷамоати деҳоти ба номи  Худойназар Холматови   ноҳияи Шаҳритуз, бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  Абдуллоева Шоира баргузор гардид. 

Оби поки мо баёнгари дасту дили поки мост!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун байни аъзои ташкилоти ибтидоии «ДЕУ-43» хониши сиёсии ҳизбӣ дар мавзӯъӣ «Об барои рушди устувор» бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева София бо кормандони ташкилоти номбурда доир гардид.

Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро сокинон ҷонибдорӣ карданд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ» бо аъзо ва  ҷонибдорони ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Рушди иқтисодиёти кишвар аз файзу баракати Истиқлолият аст

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Муродалӣ Шамсов дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯрию мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Ориёнбонк» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир намуданд.

Шинохти моҳияти анъанаҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносии миллӣ мусоидат менамояд

КӮЛОБ. Барои огоҳонидани ҷомеа, хусусан насли наврасу ҷавон  аз  анъанаҳои миллати худ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мунтазам дар деҳаю маҳаллаҳо чорабиниҳои гуногуни рангину ҷолибро гузаронида истодааст.

Некӯаҳволии халқ аз иҷрои одилонаи қонунҳои миллӣ вобаста аст!

ФАРХОР. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сиёсию маънавӣ ва огаҳ намудани сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обшорон», ки сокинони деҳаи Обошорони ҷамоати деҳоти Деҳқонариқро ба худ  муттаҳид намудааст, хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд.

Насли ояндасози миллат варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ медонанд!

ПАНҶ. Варзиш яке аз омилҳои муҳими солимии ҷомеа ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш мусоидат менамоя

Варзиш натанҳо қосиди сулҳ, балки пайвандгари наслҳои имрӯзу фардо мебошад!

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст, дар ташкилоти ибтидоии «Варзиш» хониши сиёсӣ доир гардид.

Сарсабзиву хуррамии диёрамон аз мо шаҳрвандон вобастагӣ дорад

Н. ХУСРАВ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» шанбегии умуминоҳиявии ҳизбӣ ҷиҳати поксозии муҳити зист баргузор карда шуд.

Мардум ба сарфаву сарриштакорӣ ва риояи қонунҳои миллӣ даъват карда шуд

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Момандиёни ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Мӯъминобод бо тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо бо сокинони деҳа бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.

Деҳаи худро тозаву озода мегардонем!

КУШОНИЁН. Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем!" дар роҳи марказии шуъбаи 3- юми хоҷагии тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов бо иқдоми Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 27- солагии Истиқл

Истиқлолияти давлатӣ ва суботу оромии кишвар ба рушди фарҳанги миллӣ мусоидат намуд

КӮЛОБ. Дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон доир карда шуд.

Аксия ва озмунҳои ҳизбӣ дар рушди фарҳанги миллӣ мусоидат намуда истодаанд

ЁВОН. Дар воқеъ эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина эълон гардидани аксияву озмунҳои ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳар як зан-модар ва бонуи тоҷику хатлониро водор намуд, ки за

Солимии миллат рушду бақои давлат аст!

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «МНДСЭ»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва муайян намудани вазифаҳои навбатӣ

ДАНҒАРА. Дар доираи натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳафтаинаи Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Данғара дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва татбиқи босифати бандҳои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, масъалагузориҳо нисбати фаъолияти Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоатҳои деҳот, маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад, мудирони шу

Ҳунар сармояи зиндагӣ буда, инсонро ба қуллаҳои баланд мерасонад

ВАХШ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш да­р маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия чорабинии ҳизбӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ­дар П­аёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷу­мҳу­рии­ Тоҷики­стон муҳтара­м Эмомал­ӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидаа­ст, вохӯр­ӣ доир карда ­шуд.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллат аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикстандарт» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Тозагиву ободии Ватан абрӯи ҳар як сокини кишвар аст

БАЛҶУВОН. Дирӯз доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Корхонаи давлатии хоҷагии манзилии коммуналӣ” бо аъзои ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Қазоқон ва Гагарини ҷамоати шаҳраки Балхии ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.   

Курси бозомӯзӣ ба рушди фаъолияти тарғиботии ташкилотҳои ибтидоӣ кӯмак намуд

Ш.ШОҲИН. Дар ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло, мудири  бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ғафорзода Санам, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  Н

Миллати тоҷик ба об ҳамчун яке аз чор унсури муқаддас аз қадим арҷ мегузорад

ФАРХОР. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии "Хоҷагии об" хониши сиёсӣ доир гардид.

Ҳизбиёни Кӯлоб дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд

КӮЛОБ. Дирӯз бо ташаббуси аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Содиқов бо сокинон мулоқот анҷод дода шуд.

Тарғиби аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” миёни сокинон

ДӮСТӢ. Дар кӯчаи ба номи Афғон Каримови ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа, ҳамзамон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абубакр Ҷалолов ва Умедҷон Холов иштирок намуданд.

Ҳунарҳои мардумӣ пояи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб мераванд

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Осмондараи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg