ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Муродалӣ Шамсов дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯрию мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Ориёнбонк» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир намуданд.
Сараввал хониши сиёсиро раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Акрамов Маҳмудбек кушода, дар бораи танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиётҳои молиявӣ, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва бобати истифодаи кортҳои пардохтӣ баромад намуд.
Баъдан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амамлии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои амалигардонии сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.