Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Қазоқон ва Гагарини ҷамоати шаҳраки Балхии ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Аз намоиши ҳунраҳои мардумӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дидан намуда, зикр намуданд, ки мақсад аз баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ ин ҷалби бештари ҷавонон ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, андешаронӣ намуданд.