БАЛҶУВОН. Дирӯз доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи давлатии хоҷагии манзилии коммуналӣ” бо аъзои ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва атрофи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, анҷоми корҳои бунёдкориву созандагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф доир ба самтҳои афзалияноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба иштирокдорон фаҳмонида, онҳоро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват намуд. Инчунин мавсуф зикр кард, ки ободию зебоӣ ва тозагии маркази ноҳия ба кормандони Идораи комуналӣ вобастагии зиёд дорад.