БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик ба об ҳамчун яке аз чор унсури муқаддас аз қадим арҷ мегузорад

ФАРХОР. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии "Хоҷагии об" хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар ин хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба ҳадафҳои созандаи барномавии ҲХДТ ибрози ақида карда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти комуникатсионию энергетикии кишвар ҳадафҳои аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин роҳ мо ҳизбиёнро зарур аст,  якҷоя даст ба дасти ҳам дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва дар роҳи пешрафту ободии Тоҷикистони азиз қадамҳои устувор гузорем ва барои созандагию рушди босуботи Тоҷикистон кӯшиш намоем. Ҳамчунин илова намуд, ки барои мо боиси ифтихори бузург аст, ки Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии ҳалли низоъ ва роҳҳои одилонаи истифодаи оби ошомиданӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg