БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ пояи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб мераванд

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Осмондараи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида.

Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. То имрӯз ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани  чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ  дар тамоми гӯшаву канори мамлакат чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардида истодаанд. Албатта ҳунарҳои мардумӣ ҷузъе аз фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, эҳё ва рушди он асолати таърихӣ дар назди миллат мебошад.

Дар миёни соҳаҳои сердаромад ба қатори авангардҳо  риштаи сайёҳӣ низ дохил мегардад. Ҳастан мамлакатҳое, ки бо инфрасохтори сайёҳии худ теъдоди зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб намуда, аз ин ҳисоб буҷети худро ғанӣ гардонида, тамаддуни худро муаррифӣ месозанд.

Дар ҳамин росто мувофиқ ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ воситаи хуби муаррифии фарҳанги миллӣ маҳсуб гардида, ба ҳамин восита даромади молиявӣ ба буҷети муассисон ворид мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg