БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

31 Август 2018

Мактаби одамият

АНДЕША. Бистуҳафт сол аз талошу мубориза ва иқдомиҳои созандаву бунёдкорона сипарӣ мегардад.  Бистуҳафт сол муқаддам Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои Истиқлолият, ки асли соҳибихтиёрии давлат ва рамзи хушбахтиву саодати мардуми тоҷик аст, шарафёб шуд. Инак бистуҳафт сол аст, ки дарахти тановари истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва дар авҷи нашъу намост.

Рушди соҳаи маориф самти афзалиятноки Барномаи ҲХДТ мебошад

Дар толори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳаквии шаҳри Бохтар бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ – раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ва роҳбарияту масъулони соҳаи маориф машварати августии омӯзгорони вилоят баргузор гардид.

Истиқлолияти неъмати бебаҳо ва пурарзиши миллат аст

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хизматрасонӣ»-и “Бонки Эсхата” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд.

Ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «АДСИН» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарзо

Сокинон мубориза бо коррупсияро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобанд

ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Арзишмандтарин дастоварди миллат Истиқлолият аст!

ФАРХОР. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо фаъолони ноҳия дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, бо мақсади роҳнамоии сокинон ба ободкорию созандагӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротӣ

Охундҳои эронӣ дар мадди аввал душмани мардуми Эрон ҳастанд!

АНДЕША. Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумлаи камтарин кишварҳоест, ки пайваста ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат мекунад. Аз қабл ҳам ин дахолатҳо, бахусус дар масоили марбут ба сиёсату мазҳаб бармало будаанд, аммо ахиран бархе ҳаводисе дар Тоҷикистон рӯй доданд, ки тафтишот дар онҳо маҳз “дасти эронӣ”-ро фош кард.

Аксияи ҳизбии “Мактаб даргоҳи маърифат” дар маҳал

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия , инчунин ҷиҳати  тақвият  бахшидани робита бо маҳал дар  деҳаи Қушқияи мобайни ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид. 

Терроризму экстремизм душманони фарҳангу асолати қадимаи миллатанд

ПАНҶ.  «Нест бод терроризму экстремизм ва наҳзатиёти лаънатӣ!» Таҳти ин шиор бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Ганҷ»-и назди бозори ноҳиявӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид. Масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳия оид ба паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза ба онҳо суханронӣ намуданд.

Беҳбудии рузгорамон аз худи мо вобаста аст

НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Ғофилободи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ чорабинии фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид.

Зӯроварӣ дар оила ҷиноят аст!

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Маркази кӯмаки аввалияи тиббии ноҳияи  Муъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Истиқлолият-ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик!

ЛЕВАКАНТ. Дар толори Литсейи касбии саноатии кимиёвии шаҳри Левакант бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Истиқлолият-ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик!т» баргузор гардид.

Соли 2018 – соли дарёфти истеъдодҳои нав дар эҳёгардонии ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Бо мақсади ҷалби сокинон ба ҳунарҳои хонагӣ ва сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба таври мунтазам дар деҳаю маҳаллаҳо чорабиниҳои рангину ҷолиб баргузор намуда истодааст.

Иқдмои ватандӯстонаи ҳизбиён дар оғози соли нави хониш дар партави Аксияи ҳизбии “Роҳ ба сӯи мактаб”

ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дастуру супориш ва ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ,  инчунин оғози соли нави хониш  иқдомҳои неки ватандӯстонаи худро  роҳандози намуд.

Маъюбону барҷомондагон низ зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл дар Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед» бо иштироки кормандони марказ вохӯрӣ баргузор гардид.

Таҳкими заминавии соҳаи илму маориф талаби замон аст

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар арафаи соли нави хониш, ҳамчунин, таҷлили сазовори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон бо кормандони шуъбаи маорифи ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Ҳунарҳои мардумӣ рукни асосии фарҳанги миллӣ мебошанд

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Аваз бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Восеъ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ доир карда шуд.

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мебошад

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯрӣ дар деҳаю маҳаллаҳо бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «А.Холиқов»-и ҷамоати шаҳраки Вахш чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ вазифаи аҳли ҷомеа мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ёрии тиббии таъҷилӣ » тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Ҳифзи истиқлолияти энергетикӣ аз сариштакории мо сокинон вобаста аст!

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  тибқи  ҷадвали баргузории  вохӯриву мулоқотҳо  дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ”-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ нишонаи фарҳангу асолати миллӣ мебошанд!

ЁВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg