БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими заминавии соҳаи илму маориф талаби замон аст

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар арафаи соли нави хониш, ҳамчунин, таҷлили сазовори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон бо кормандони шуъбаи маорифи ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Ҳадаф аз баргузории хониши сиёсӣ амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, Оиннома ва Барномаи ҳизбӣ мебошад, ки дар он аз ҷониби  масъулин қайд гардид, ки дар ноҳияи Дӯстӣ 46 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, аз тарафи Шуъбаи маорифи ноҳия баҳри таълиму тарбияи насли наврас мунтазам назорат бурда мешавад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  худ соҳаи маорифро яке аз соҳаи асосӣ дар таҳкими заминаи илму маърифат маънидод намудааст. Маорифчиёнро лозим аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ хубтар ба роҳ монда, ҷиҳати  амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар якҷоягӣ бо Кумитаи падару модарон ва волидайн сифати таълуму тарбияро дар байни хонандагон ривоҷу равнақ диҳанд.

Дар охир чанде аз ҷамъомадагон барои фаъолияти  пурсамари Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ва пайваста дар робита бо ташкилоти ибтидоии “Маориф”будан  изҳори минатдорӣ намуда, зикр карданд, ки мо кормандони соҳаи маориф ҳамеша ҷонибдор ва пайрави Пешвои миллат ва ҳизби роҳнамосозу адолатхоҳи кишвар ҲХДТ буда, доимо дастгиру ҷонибори он  мебошем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg