БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон мубориза бо коррупсияро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобанд

ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар ин хониши сиёсӣ мудири шуъбаи ташкилии   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамолиддин Қаюмов иштирок ва баромад намуд.

Ӯ дар  баробари  баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар диққати ҳозиринро ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои таваҷҷуҳи назари ҳозирин ҷалб намуда,  қайд кард, ки иҷрои самтҳои мазкур боис мешавад, ки Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан истифодаи манбаҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ,  таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи зисту зиндагии мардум сарф намояд.

Сипас раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Д.Эмомов сухан карда, назорати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷҷетиро як роҳи пешгирӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва вазифаи аввалиндараҷаи кормандони раёсат арзёбӣ намуд.

Дар идома чанде аз иштирокдорон Маҳмадсаид Яъқубов, Толиб Рауфов  баромад намуда, омодагии худро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg