КӮЛОБ. Бо мақсади ҷалби сокинон ба ҳунарҳои хонагӣ ва сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба таври мунтазам дар деҳаю маҳаллаҳо чорабиниҳои рангину ҷолиб баргузор намуда истодааст.
Дар доираи ин иқдом дар деҳаи Марғаки ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.
Мурдум чодарҳои чаканро овезон карда, ҳунарҳои дастии худ ва беҳтарин армуғонҳову маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокҳои миллиро ба маърази дид гузоштанд.
Зимни он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва баромад намуданд.
Дар кишваре, ки он ҷо сулҳу субот ҳукмфармост дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла иқтисод, маориф ва фарҳанг рушд мекунанд. Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо метавонем фарҳангу маънавиёти миллатамонро ба ҷаҳониён муаррифи кунем. Ин қадами ғайричашмдошт ва деринитизори ҳунармандон ҳам ҳаст. Зеро, ин иқдоми Сарвари давлат боиси ба миён омадани мактаби ҳунармандӣ ва истеъдодҳои нав дар эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мегардад, чунин қайд доштанд дар баромади худ кормандони масъули ҳизбӣ.
Чорабинии мазкур бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ ба охир расид.