БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маъюбону барҷомондагон низ зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл дар Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед» бо иштироки кормандони марказ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар самти татбиқи сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, таъмини шароитҳои мусоид барои ятимону барҷомондагон андешаронӣ намуда, ба кормандони марказ барои хизматрасонии босифат ба чунин табақаи ниёзманди аҳолӣ арзи сипос намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат оид ба  баланд бардоштани фарҳангу маданияти кормандон ва аҳли оилаи онҳо, пайравӣ аз  сиёсати хирадмандона ва созандаи ҲХДТ, хосса Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебунёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИ ва Гурӯҳи  24  андешаронӣ  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg