БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Мактаб даргоҳи маърифат” дар маҳал

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия , инчунин ҷиҳати  тақвият  бахшидани робита бо маҳал дар  деҳаи Қушқияи мобайни ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид. 

Зимни мулоқот раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид    дар  мавзӯъи   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Аксияи ҳизбии «Мактаб даргоҳи маърифат» суханронӣ  кард.  

Дар ҷараёни мулоқот бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Эргашов Шоҳрух ва дастгирии сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кишоварзон ташкил карда шуда, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар  ҷараёни  мулоқот аз  ҷониби як  гурӯҳ фаъолони ҲХДТ, саховатмандони ҳудуди  ҷамоати  деҳоти номбурда ба  мактаббачагони ятиму бепарастори деҳаҳои  гирду  атроф сару  либоси  мактабӣ ва  ашёҳои  хониш тақдим  карда  шуд, ки хурсандии  наврасонро ҳадду канор надошт. 

Зимни  баргузории чорабинӣ сокинони деҳа  тасмим гирифтанд, ки ҳунарҳои мардумиро минбаъд низ ривоҷу равнақ бахшида, онро ба сарчашмаи даромади иловагӣ табдил медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg