БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ”-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан, масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва тарғиби истифодаи самараноку сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ андешаронӣ карда, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва софдилонаву содиқона расидан ба қадри заҳмату талошҳои Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ раҳнамоӣ намуданд.