БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

15 Август 2018

Озмуни ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои дарёфти ҷоиза “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ» озмун эълон менамояд.

Ҳунарҳои мардумиро дар сатҳи маҳал ривоҷ медиҳем!

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Рӯдакии  ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Нурафшон” ташкил ва баргузор гардид.

Ҳимояи Ватан вазифаи ҳар як ҷавонмард аст!

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ш.Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Чагам» бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, хониши сиёсӣ гузаронида вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва доир ба эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нест бод терроризму экстремизм ва гуруҳи террористии наҳзат!!!

А.ҶОМӢ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷирон»-и  назди бозори «Ориён ЛТД»-и ноҳия, атрофи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои  хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию  фарҳангии ҷомеа, ташаккули фарҳанги техникии мардум  вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ ба зиндагии мардум файзу баракат овард

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия чорабинии таблиғотии хизбӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯъи «Тарғиби ҳунархои мардумӣ ва эхёи тозаи онхо» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Ҷайхун Насим Сабурзода ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Ҷайхун Обидов Фарход ва бо ишти

Ҷашни фархундаи 27-солагии Истиқлолро сазовор пешвоз мегирем!

ХУРОСОН. Дар Идораи барқи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат ва сардори Идораи барқи ноҳия  Акрамов Диловар бо кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Оғози сохтмони бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг

ХОВАЛИНГ.Дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рафти маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санаи 16 феврали соли равон ҷиҳати то охири соли 2019 таъмин будани ҳамаи сохторҳои ҳизбии кишвар бо бинои маъмурии ҳизбӣ ироа гардид, дар саросари вилояти Хатлон сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ оғоз гашта истодаанд.

Ҳунарманд ҳам сатҳи зиндагии худро баланд мегардонад ва ҳам ба мардум манфиат мерасонад

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров бо сокинони деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ гузарониданд.

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон гирди ҳам омада ба бунёди пул камар бастанд

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии «Вахш»-и ҷамотаи деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бахшида ба 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Пардаи дигаре аз сурати иблисонаи наҳзатиён бардошта шуд!

ПАНҶ.  Дар толори маҷлисгоҳи  Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардида, вобаста ба иқрори Аёмиддин Сатторов, ки роҳбари гуруҳи ҷиноятпешаи наҳзати исломӣ буд, суханронӣ карда шуд.

ТТЭ ҲНИ нафрати мардумро ба худ дучанд намуд

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Савзаалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи итҷроия Ғафурзода Фирдавс хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Душманони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд!

КУШОНИЁН. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Махсумобод ва Чакиҳои ҷамоати шаҳраки Бохтариён намоиши ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт.

Татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳал

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи

Дар ободонии диёрамон якҷоя саҳм мегузорем

ЁВОН. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббус ва ҳидояти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маъракаи ободонию гулшинонӣ баргузор гардид.

Ҳунарманд ҳама ҷо арҷманд аст!

ДӮСТӢ. Дар деҳаи Моҳи нави ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо як гурӯҳ занону духтарони деҳот суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.

Рафтори нек, гуфтори нек ва фикри нек аз қадим ба одати доимии халқи тоҷик мубаддал гардидааст!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Чорсада 2-и ҷамоати деҳоти Лолазор хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи рӯзгори даҳҳазорсолаи тоҷикон мебошанд

ВОСЕЪ. Тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик нигоҳ намоем, ба пеши назар ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол аст онро тоҷикон то замони мо овардаанд.

Мафкураи миллӣ дар қолаби мактабу маориф шакл мегирад!

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси кормандони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”  бо иштироки  21 нафар кормандон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ифротгароӣ  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар меҳвари хонишҳои сиёсӣ қарор доранд

Ҷ. БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи обёрии мошинӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба шаҳрвандон писанд омад ва мардумро дар роҳи созандагӣ муттаҳид сохт

Ш.ШОҲИН.  Дар ташкилоти ибтидоии  «Заминсозӣ» ноҳия бо иштироки   кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» хониши сиёсӣ вобаста ба мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ  вохӯрӣ  баргузор гардид.

ҲХДТ– ҳидоятгар ба фардои ободу дурахшони Ватан!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат  дар ташкилоти ибтидоии «Идораи Об» бо аъзову ҷонибдорони ҳизбӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Ҳадафи аслии ҲХДТ таъмини зиндагии осудаи мардум аст!

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи ба номи Ҷалолиддин Балхии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ гузарониданд.

Ҷиноятҳои наҳзатиёни лаънатӣ ҳамарӯза фош гашта истодаанд!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумитаи замини ноҳия» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg