БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ободонии диёрамон якҷоя саҳм мегузорем

ЁВОН. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббус ва ҳидояти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маъракаи ободонию гулшинонӣ баргузор гардид.

Дар ҳашари мазкур аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия сарҷамъона иштирок намуда, ба миқдори 1185 адад гулҳои ороишӣ шинониданд.

Воқеан, андешаи бунёди ояндаи дурахшони Ватан ҳар як тоҷикистониро водор месозад, ки дар ҳама гуна ҳолатҳо аз рӯи ақлу хирад, маърифати созанда амал намояд. Мо, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро зарур аст, ки занҷири шуҳрати наслҳоро мустаҳкам кунем, дар заминаи меъроси фарҳангии гузаштагон бояд насли нави бунёдкорро тарбия намоем.

Баҳри сулҳу субот, инкишофи ҷомеа, пойдории давлат, якдилии ҳама зинаҳои ҷомеа, дӯстӣ, рафоқат, муҳаббати самимӣ бо ҳамдигар дасту дили тоза доштан яке аз шартҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад.

Баргузории чунин маъракаҳои ободонӣ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия таҳти шиори «Тарғибот тавассути созандагию бунёдкорӣ» доир хоҳад шуд.

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси масъулияти бузурги ватандорӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худ дар ҳама маврид омода ва пешсафи тамоми кору пайкор ҳастанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg