БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳал

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи рангини фарҳангӣ  пешкаши сокинони деҳаи Шоҳи ҷамоати деҳоти Навобод гардонида шуд.

Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум сухан намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg