БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мафкураи миллӣ дар қолаби мактабу маориф шакл мегирад!

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси кормандони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”  бо иштироки  21 нафар кормандон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ифротгароӣ  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Сараввал и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф  оид ба мавзӯъҳои болозикр баромад намуда, маорифчиёнро баҳри баланд бардоштани маърифати хуқуқӣ ва сиёсиву фарҳангии мардум, алалхусус ҷавонону наврасон, дар замири онҳо ҷой  намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои  ниҳоят хатарноки асри нав- терроризму экстремизм андешаронӣ кард.

Ҳамчунин мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Марҷона Муродова ба сухан баромада, қайд намуд, ки маъориф яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, кормандони соҳаи   маориф дар тарбияи насли наврасу ҷавон нақши муҳиму созгор доранд. Ба ҳамин хотир давлату ҳукумат бештар такя ба аҳли маориф  доранд.

Аз ин лиҳоз ҳар як  омӯзгори худогоҳу ватандӯстро зарур аст, такягоҳи давлату миллатро мустаҳкам намуда,  ҷавонони баору номус, босавод ва донишмандро таълиму тарбия карда, кадрҳои беҳтаринро  барои сарзаминамон омода созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg