БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷашни фархундаи 27-солагии Истиқлолро сазовор пешвоз мегирем!

ХУРОСОН. Дар Идораи барқи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат ва сардори Идораи барқи ноҳия  Акрамов Диловар бо кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ва эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.

Дар охири вохӯрӣ сардори Идораи барқ бо коллективи меҳнатӣ  якдилона таклифу гуфтаҳои дар мавзӯъ дарҷгардидаро ҷонибдорӣ  намуда, зикр карданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мо сокинони шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон заҳмату меҳнати софдилона карда, Ватани маҳбубамонро аз ин дида пешрафта хоҳем намуд ва ҷашни фархундаи 27 ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол хоҳем гирифт.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg