БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Озмуни ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои дарёфти ҷоиза “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ» озмун эълон менамояд.

Озмун аз ду номинатсия – “Аккоси беҳтарин” ва “Наққоши беҳтарин” иборат буда, аз ҷавонони то 30-сола даъват ба амал оварда мешавад, ки аксу мусаввараҳои худро аз мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон ба озмун тариқи суроғаи электронии sozandagon.tj@mail.ru ирсол намоянд.

Барои муайян намудани ғолибон ҳайати Комиссияи тадорукотии ТҶҶ “Созандагони Ватан” муайян карда шудааст.

Озмун моҳи декабри соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Ҷоиза, Ифтихорномаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва тўҳфаҳои таъсиснамудаи ҳайати тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg