БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ нафрати мардумро ба худ дучанд намуд

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Савзаалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи итҷроия Ғафурзода Фирдавс хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Дар рафти суҳбат вобаста ба фошкориҳои роҳбари пешини гуруҳи ҷиноятпешаи наҳзатиён Аёмиддин Сатторов ва ҳамлаи ноҷавонмардонаи санаи 29 июли соли 2018, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз тарафи аъзои ТТЭ ҲНИ анҷом дода шуд, табодули афкор сурат гирифт.

Масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва иштирокдорон ин амали разилона ва ғайриинсонии зархаридони ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум карданд.

Дар охир аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва ҷавонон-аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба рафтори ваҳшиёнаи ин гурӯҳи террористӣ нафрат хонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg