БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷиноятҳои наҳзатиёни лаънатӣ ҳамарӯза фош гашта истодаанд!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумитаи замини ноҳия» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Хониши сиёсиро корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зафар Алиев оғоз намуда, дар мавзӯъи ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикситон дар бораи замин андешаронӣ намуд.

Дар рафти мулоқот атрофи иқрори яке аз роҳбарони гуруҳи наҳзатиён Аёмиддин Сатторов ва фош шудани ҷиноятҳои эшон, инчунин фоҷиаҳое, ки онҳо бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон сари мардуми тоҷик оварданд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба суханронии масъулин раиси ташкилоти ибтидоии «Кумитаи замин» М. Холов вобаста ба ин раванд андешаронӣ карда, дар якҷоягӣ бо иштирокдорон рафтору кирдори қотилони ТТЭ ҲНИ-ро сахт маҳкум кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg