ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Чорсада 2-и ҷамоати деҳоти Лолазор хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллӣ суҳбат доир карда шуда, иброз гардид, ки якдилию якмаромӣ аз қадим ба одати халқи тоҷик табдил ёфтааст. Халқи тоҷик то имрӯз дар асоси фаъолияти дастаҷамъона амалҳои бузургеро анҷом додааст. Имрӯз низ ин одат ба мо ба меърос мондааст, аз ин рӯ моро месазад якҷоя даст ба дасти ҳам дода, барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон, ки номаш Тоҷикистон аст, садоқатмандона тамоми қувваи худро равона созем!