БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нест бод терроризму экстремизм ва гуруҳи террористии наҳзат!!!

А.ҶОМӢ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷирон»-и  назди бозори «Ориён ЛТД»-и ноҳия, атрофи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои  хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию  фарҳангии ҷомеа, ташаккули фарҳанги техникии мардум  вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саёҳат Самадзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Холмурод Мирзоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Раҳматулло Гулов иштирок карда, аз ҷумла оид ба масъалаи ба ҳалокат расидани сайёҳони хориҷӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки бо дастуру супоришҳои ТТЭ ҲНИ амалӣ шудааст, маълумоти муфассал доданд.

Ин амали мудҳишро иштирокчиёни вохӯрӣ сахт маҳкум намуда, нисбати хоинони миллат лаънат хонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg