БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи аслии ҲХДТ таъмини зиндагии осудаи мардум аст!

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи ба номи Ҷалолиддин Балхии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ гузарониданд.

Масъулин зимнан дар ин вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба мардум расонида, инчунин дар ин раванд доир ба Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон муҳтавои Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба сокинон расонида шуда, аз онҳо барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, анҷоми корҳои хайру сахо, созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.

Дар охир ҷамъомадагон суханрониҳои судманди масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, иброз доштанд, ки Аксияи ҳизбии “Яқчоя ҳал мекунем!”-ро, ки ба беҳбудии зиндагии мардум ва ободии диёр бахшида шудааст, дар амал татбиқ хоҳем намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg